
ФАРХОР. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ниҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳуддуди ноҳия бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон баргузор гардида истодааст.
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор даври ноҳиявии ин мусобиқот аз санаи 09.07.2021 шурӯъ гардида, то имрӯз аллакай аз 20 дастаи иштирокчии мусобиқа 8 даста бо ҳам вохӯрӣ доир намуда, 4 дастаи ғолиб ба даври дигар роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон рӯзи 19.07.2021 боз ду дастаи дигар “Нозироти андоз” ва “Беморхонаи марказӣ” бо ҳам қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 4:2 дастаи “Нозироти андоз” ғолиб баромад.