
НОРАК. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» корҳои ободонию созандагӣ дар ташкилоти ибтидоии “Чашма 2”-и маҳаллаи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ роҳандозӣ гардид. Аксияи мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллию давлатӣ, 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, сокинон тасмим гирифтанд, ки барои беҳтар кардани шароити зиндагии хеш хатти оби нӯшокӣ ба ин маҳала гузаронанд. Дар чорабинӣ сокинон бо руҳияи баланди ватандӯстона ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар маҳалла хатти оби ошомиданӣ гузарониданд.