БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ - МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

КӮШОНИЁН. Варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат, саҳнаи нангу номус ва таъмини тарзи ҳаёти солим мебошад, ба ин хотир ва барои  дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври маҳаллӣ (байни деҳаҳо)- и ноҳия мусобиқаи Футбол имрӯзҳо бо маром идома дошта, бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 ва №39-и ноҳияи Кӯшониён, байни деҳаҳои Маданият, Свердлов, Ф.Давлатов, С.Фаттоев, Навкор, Ҷ.Румӣ, 20-Солагии, Байнал ва Зарафшони Ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли  ноҳияи Кӯшониён бозии футбол баргузор шуд. Мақсад аз баргузории мусобиқаи футбол баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон, беҳбудӣ бахшидан ба саломатӣ, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш, омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва интихоб намудани чеҳраҳои беҳтарин бозингарон ҷиҳати дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg