
ЁВОН. Дар доираи иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Расулов Ғолиб бо мардуми деҳаи Оби Шифои Ҷамоати деҳоти Норин дар доираи иқдомҳои созандагӣ ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҲХДТ дар ноҳия саҳми мардуми деҳаи Оби Шифо дар самти созандагиву бунёдкорӣ шоиста арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки мардуми деҳаи Оби Шифо бо кору пайкори созандаи хеш доимо пешсафи ҷамъият буда, дар Аксияҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат меварзанд.