
ЁВОН. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” ва Амалиёти умумивилоятии “ Рӯзи Ёдоварӣ” ва бахшида ба Иди Саиди Қурбон дар оромгоҳи деҳаи 1- Майи Ҷамоати деҳоти Норин шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар шанбегии мазкур зиёда аз 315 нафар мардуми деҳаи 1- май дастаҷамъона ба ҳашар баромада, оромгоҳи деҳаи худро аз алафҳои бегона тоза намуда, барои Рӯзи ид омодагӣ диданд.
Ҳизбиёни ноҳия сарҷамъӣ ва иштироки мардуми маҳаллаи 1 Майро дар ҳашари мазкур давоми иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба онҳо изҳори ташаккур намуданд.