БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОРОМГОҲ МАВЗЕЪИ ҶАМЪИЯТИСТ!

ЁВОН. Бахшида ба Иди Саиди Қурбон дар оромгоҳи деҳаи Оби Шифои Ҷамоати деҳоти Норин  шанбегии умумӣ  баргузор гардид.

 Дар шанбегии мазкур зиёда аз 210 нафар мардуми деҳаи Оби Шифо сарҷамъонаву якдилона ба ҳашар баромада, оромгоҳи деҳаи худро дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» ва Амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ”   тозаву озода намуданд.

Мардуми деҳаи мазкур дар ин рeз барои ободу зебо ва тоза намудан аз алафҳои бегона, нарм намудани бехи дарахтон ва додани об ба гулу бутаҳо дар оромгоҳи деҳаи мазкур сарҷамъона ба ҳашар баромада, як гӯшаи мавзеъро тоза карданд.

Ҳизбиёни ноҳия сарҷамъӣ ва иштироки мардуми маҳаллаи Оби Шифоро дар ҳашари мазкур давоми иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба онҳо изҳори ташаккур намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg