
ЁВОН. Дар давоми Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” ва Амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” вохӯрии намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Расулов Ғолиб бо мардуми деҳаи Бошқайнари Ҷамоати деҳоти Норин баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин саҳми мардуми деҳаи Оби Шифо дар самти созандагиву бунёдкорӣ шоиста арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки мардуми деҳаи Бошқайнар бо кору пайкори созандаи хеш доимо пешсафи ҷамъият буда, дар Аксияҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат меварзанд.