БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ

         АНДЕША. Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арафаи ҷашни муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

          Ҳизбиёни вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари вилоят бо мардум вохӯрию мулоқот доир намуда, самтҳои афзалиятноки ҳизбиро тадбиқ намуда истодаанд. Маҳз бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизб дар доираи аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем”, “Якҷоя ҳал мекунем” дар тамоми гушаву канори вилоят ташаббусҳои гуногун, аз қабили роҳсозӣ, пулсозӣ, бунёд ва таъмири мактабу бунгоҳои тиббӣ, кашонидани хатти оби нушокӣ, кандани ҷую заҳбурҳо ва даҳҳо дигар корҳои ободониву созандагӣ амали шуда истодаанд.

         Бо дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Марказии  Ҳизб ва роҳнамоии Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сокинони ниёзманди ҷомеа аз кумаку дастгириҳо чи аз ҷониби ашхосӣ  саховатманд, соҳибкорон ва чи аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо  бархурдор гардида истодаанд,  ки   боварию эҳтимод ва самимияти мардумро нисбат ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз ҳам бештар намудааст.

        Маҳз озмуни ҳизбии “Мо бо Шумоем” буд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ миёни кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди кишвар роҳандозӣ гардида, дар даври ҷумҳуриявӣ як нафар духтарчаи соҳибистеъдоди мо аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби Шоҳҷоиза – хонаи истиқоматӣ аз шаҳри Душанебе гардид.   

        Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби сохторҳои  ҳизбӣ сангфарш кардани даҳҳо километр роҳҳои деҳаю маҳаллаҳо, таъмири муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, таъмири пулҳо, сохтмони иншооти варзишӣ бо ҷалби фаъолони ҳизбӣ, шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд вусъат дода шудаанд.

        Имрӯзҳо сомона ва саҳифаву гурӯҳи фейсбукии КИ ҲХДТ дар вилоят фазои пуртазоди шабакаҳои иҷтимоиро бо ахбори нав ба нави ҳизбӣ пур карда, ба рақибони сиёсӣ, ки иғвою дасиса ва туҳмату буҳтонҳои худро мехоҳанд вориди мафкураи мардум созанд, вокунишҳои муносиб нишон медиҳад.  

        Таблиғот рисолати асосии фаъолияти ҳизб ба ҳисоб рафта, обурӯву нуфузи ҳизби сиёсӣ ба он вобаста аст, ки то ба кадом андоза ҷомеаро ба амали созандае, ки боиси пешрафт ва ободии маҳал мегардад, сафарбар карда тавонад.

Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин самт корҳои муайянеро  ба сомона расонида, мардумро дар роҳи ободӣ ва созандагиву бунёдкорӣ  роҳнамоӣ карда истодаанд.   

         Вазифаи ҷонии мо кормандони ҳизбӣ тарбия ва ташаккули мафкураи ҷомеа мебошад ва имрӯз хушбахтона ин рисолатро ҳизбиёни вилоят бо маваффақият иҷро намуда истодаанд. 

      Ҳакимҷон Ишмуродов, корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg