БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИС МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Корез”, маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор гардид.  

Дар кори маҷлис намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Акрамзода Умеда ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримзода Пирмуҳаммад ҳузур доштанд.

Зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоти деҳоти “Корез” Қурбонзода  Баҳром  шунида шуда,  дар ҳисоботашон  гуфта шуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҷамоат, баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи ҲХДТ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тамоми имкониятҳоро истифода  бурда, ҳамчун таҷассумгари сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни сокинони деҳа мавқеи худро муайян намуданд.  

Баъд аз шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тибқи тартиби пешбарии кори маҷлис Б. Қурбонзода аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ таъин гардид. Дар охири маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Акрамзода Умеда  оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, аксияҳои ҳизбӣ, дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ бароҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тавсияҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg