БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ШАРАФ ВА НОМУСИ ҲАР ЯК МИЛЛАТИ ОЗОДАНДЕШ ВА СОҲИБХИРАДУ СОҲИБЭҲТИРОМ АСТ

АНДЕША.  Дар  ҳақиқат  вақте  Иттиҳоди  Шӯравӣ  аз  байн  рафт,  Тоҷикистон  мисли  ҷумҳуриҳои  дигар  озодии  воқеӣ  ба  даст  овард.  Ҷумҳурии  мо акнун  бо  тамоми  мамлакатҳои  ҷаҳон  мустақилона  робита  барқарор  мекунад.  Тоҷикистонро  алҳол беш  аз сад  давлати  дунё  ба  расмият  шинохтаанд.  Кишвари  мо  узви  Созмони  Милали  Муттаҳид, созмонҳои зиёди байналхалқӣ  гашт  ва  ба  оилаи  кишварҳои  озоди  ҷаҳон  пазируфта  шуд.  Ин  воқеият яке  аз  дастовардҳои  бузурги  халқи  тоҷик  дар  замони  соҳибистиқлолӣ  мебошад. 

Дар  солҳои  истиқлолияти комил  барои  эҳё  намудан  ва  инкишоф  додани  забони  давлатиамон, ки  шевою  шоирона  ва  ширину гуворо  мебошад,  ҷойгоҳи  арзанда  ва  мақоми  шоиста    муҳайё  сохтем.  Забонҳои  хориҷӣ,  махсусан  забонҳои  русӣ  ва  англисӣ  бошанд  омили  муҳими  ворид  шудани  ҳар  як  фард  ба  фазои  тамаддуни  ҷаҳони муосир  мебошад.  Забондонӣ  имконияти  бевосита  сару  кор  доштани    шаҳрвандонро    бо  техникаю  техноло­гияи  нав  васеъ  гардонида,  дастраси  маводи  иттилоотию  техникиро,  ки  аксаран  бо  ин  забонҳо  таълиф  мешаванд,  хеле осон  менамояд. 

Истиқлолият  шараф  ва  номуси  ҳар  як миллати   озодандеш  ва  соҳибхираду  соҳибэҳтиром  аст. 

Истиқлолият  рамзи  саодати  миллат  ва  давлати  соҳибихтиёри  миллӣ,  нишонаи  пойдориву  бақои  он  мебошад.  Зеро  дар  дунёи  пуртазоди    муосир  миллате    соҳиби  ному  манзалат  шуда  метавонад,  ки  истиқлоли  воқеӣ  ва  давлати  озоду  мустақили  хешро  дошта  бошад.

Мо бояд аз он шукргузорӣ намоем,  ки  миллати  бузурги тоҷик  имрӯз  соҳиби давлати соҳибихтиёр,  демократӣ,  ҳуқуқбунёд  ва ягона  гар­дида­аст.

Акнун танҳо  тавассути якдилию муттаҳидӣ ва меҳнати  пурмаҳсул  мо  метавонем, истиқлолияти  худро   ҳифз  намоему  Ватани  азизамонро  ободу  зебо  гардонем.  Рисолати  хайр, яъне  ҳифзу  обод  кар­дан  ва  ба  наслҳои  оянда  ба  мерос  гузоштани  сарзамини  аҷдодӣ  ва  Ватани  азиз  масъулияти  бузург  дорад ва  ҳар  як  ватандорро  вази­фадор  менамояд,  ки  ҳамеша  ба  хотири  таҳкими  ваҳдати  миллӣ   пойдориву  устувории  давлати  соҳибихтиёри  худ,  густариши  худ­ши­носиву  худогоҳӣ  ва  ватандӯстиву  ватанпарастӣ кӯшишу  талош  намояд. 

Ҳамзамон  барои  устувор  намудани  пояҳои  истиқлолияти миллӣ,  бунёди  давлати  пуриқти­дори  демократӣ  ва  эҳёи  арзишҳои  тамаддуни  бузур­ги  ниёгонамон  масъулияти  бузурге  бар  дӯш  дошта  бошем.

Имрӯз  ҳар  як  соҳибватанро  лозим  аст, ки тибқи гуфтаҳо ва дастурҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти муҳтарами  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон амал намуда, пеш аз ҳама сулҳу ваҳдати саросариро таҳким  бахшад  ва диёри биҳиштосоямонро боз ҳам гуворою зебо гардонад.

Ҳамагӣ  дар  ҷараён  будем, ки Ҷаноби Олӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ нахустсухани худро аз сулҳу оромии кишвар оғоз намуд.

Ӯ тавонист, ки кишвари дар вартаи нокомиҳо қарордоштаи моро ба соҳили мурод расонад.

Роҳи  мо  ба  сӯи  сулҳу субот тахту ҳамвор набуд.

Ин ҷо хиради  фитрии  миллати  тоҷик  бар  ҷаҳлу  торикӣ  ғолиб омада, дасти  ҳам  гирифтани  мо  мӯҷиби наҷоти миллат ва бақои давлатамон гардид.

Ҳамин тариқ, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ  марҳилаи  нави  таърихӣ  дар  самти давлатдории мустақили тоҷикон шурӯъ гардид.

Гуландом Усмонова, муовини роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg