БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУСОБИҚА БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ” ДАР ШАҲРИ БОХТАР ОҒОЗ ЁФТ

БОХТАР. Шоми дирӯз дар майдончаи варзишии “Ваҳдат” маросими кушодашавии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”  миёни дастаҳои ғайрикасбии маҳаллаҳои шаҳри Бохтар доир шуд.

Дар маросими кушодашавии чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Рухшонаи Шералӣ, узви Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Шарифзода Шаъмигул, доварон, раисони кумитаҳои маҳал, ҳайати дастаҳо, мухлисон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Маросими кушодашавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар назди ҳозирин Иброҳимзода Неъматулло ва Рухшонаи Шералӣ баромад намуданд.

“Мусобиқаи мазкур ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҲХДТ, ФФТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур  ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии футбол, иҷрои бандҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои соли 2020-2025 мебошад, - иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Н.

Рухшонаи Шералӣ зимни суханронии худ доир ба тартиби баргузории мусобиқа андешаҳои худро баён намуда, аз дастаҳо даъват намуд, ки дар рафти мусобиқа принсипҳои варзиширо риоя намоянд.  

Сипас, якумин бозии мусобиқа дар шаҳри Бохтар байни  дастаҳои “Умари Хайём” -и маҳаллаи “Умари Хайём ва “Ваҳдат”-и маҳаллаи Ваҳдат доир гардид. Бозӣ ба нафъи дастаи “Умари Хайём” бо ҳисоби 16:2 ба интиҳо расид.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg