БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Муҳимтарин хидмати Пешвои миллат, ки ҳатто мухолифони сиёсии ӯ онро эътироф мекунанд, хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи пойдор дар Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат ибораи зеринро дӯст медоранд ва ҳар гоҳ дар мавридҳои мувофиқ онро ба забон меоваранд: «Дар дунё кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад».

Формулаи сулҳи тоҷикон маҳз ба Пешвои миллат мутааллиқ аст. Сарвари давлати Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон нишон доданд, ки ҷуз ин роҳи дигару беҳтари ҳаллу фасли низоъҳо вуҷуд надорад.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон таҷрибаи беназири меъмории сулҳ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон вирди забонҳост. Ин таҷриба мавзӯи маърӯзаҳо ва суханрониҳо дар конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ шудааст.

Конфронси байналмилалӣ, ки аз тарафи Институти бритониёӣ оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ дар мавзӯи “Оё низои маҳаллӣ ба ҷанги минтақавӣ мубаддал намешавад?” роҳандозӣ шуда буд, эътироф кардааст, ки «Музокироти сулҳовари Эмомалӣ Раҳмон бояд намунаи ибрат бошанд».

«Музокироти сулҳи тоҷикон сазовори омӯзишу таҳқиқ аст.» - ба чунин андеша расиданд иштирокчиёни конфронси «Ислом ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ», ки онро созмони «Симера»-и Швейтсария доир карда буд.

«Истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар Афғонистон ба мақсад мувофиқ аст», - таъкид намуданд иштирокчиёни конфронси Донишгоҳи сулҳи СММ.

Дар ҳақиқат Пешвои сулҳофару сулҳовари мо-тоҷикон бароямон намунаи беҳтарини ибрат аст, то дар пойдории сулҳу амнияти миллӣ саҳми устувор дошта бошем.

Дар тӯли 30 соли Истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ислоҳоти бунёдии ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ татбиқ шуданд ва воқеан пойдевори Тоҷикистони навинро, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, гузоштанд.

Тафаккури стратегӣ, қобилияти пешбинии раванди ҳаводис, сиёсати дурандешона ва озмудашудаи Сарвари давлат, ки рушди босуботи Тоҷикистонро таъмин намудаанд, Эмомалӣ Раҳмонро ба сафи сиёсатмадорони оқил ва боистеъдоди ҷаҳон ворид намуданд.

Яке аз қарорҳои муҳимтарини Ҷаноби Олӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ин воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар соли 1992 ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соли 1996 мебошанд.

Пешвои миллат нахустин сиёсатмадор ва асосгузори муҳокимаи масоили вобаста ба об дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Сарвари давлат бо унвони «Пешвои асри XXI», ки аз тарафи Шӯрои аврупоӣ оид ба равобити байналмилалӣ таъсис ёфтааст, сарфароз гардонида шудаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доктори ифтихории Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ва Донишгоҳи технологияҳои эҷодии Лимкоквинг (Малайзия), профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи кӯҳии Урал, Донишгоҳи Шинҷон (ҶМЧ), Донишкадаи давлатии иқтисод ва менеҷменти Туркманистон, узви ифтихорӣ ва профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии илмҳои тиб мебошанд.

Президенти Тоҷикистон бо нишони «Александр Невский»-и Россия, орденҳои Қазоқистон «Парасат», Ӯзбекистон - «Эл юрт ҳурмати», ордени «Ҳилоли Аҳмар ва Ситора» -и Кумитаи байналмилалии мубориза бо терроризм, медали тиллоии Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият, медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ «Барои мубориза бо тамокукашӣ», медали тиллои ЮНЕСКО ба номи Ҷ.Румӣ (Балхӣ), медалҳои тиллоии Федератсияи байналмилалии самбо, Кумитаи олимпии Чин, Ассотсиатсияи халқҳои Россия ва дигар мукофотҳои байналмилалӣ тақдир карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 маротибаи панҷум паиҳам ба Рӯйхати бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон (The Muslim 500) ворид гардиданд. Президенти Тоҷикистон муаллифи зиёда аз 20 китоб дар бораи таърих ва забону фарҳанг ва илму адаби миллати тоҷик мебошанд.

Халқи Тоҷикистон аз Офаридгор сипосгузоранд, ки дар чунин давраҳои душвору сангин ба онҳо пешвоеро мисли Эмомалӣ Раҳмон ато намуд, пешвое, ки ҳаёт ва фаъолияташ намунаи барҷастаи ҷасорату матонат, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, хидмати содиқона ба халқу Ватани худ мебошад».

Воқеан мактаби сиёсӣ ва сарварие,  ки Пешвои миллат пеша кардааст, барои ҳар фарди тоҷик бояд намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш бошад. Ногуфта намонад, ки на ҳар миллат соҳиби чунин Пешво буда метавонад. Пас бо шукргузорӣ аз ҳастиии чунин як Пешвои хирадманду сулҳофар, моро мебояд, ба қадри ободию озодӣ ва соҳибхтиёрие, ки зери роҳбарии Пешвои миллат-асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гаштааст бирасем.

Маҳмадсаид Абдулҳаев, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg