
КӮЛОБ. Бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар оромгоҳҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки чунин ҳашарҳо дар оромгоҳҳои маҳаллаҳои Ҳилоли Аҳмар, ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб, Зиракӣ ва Даҳанаи шаҳри Кӯлоб тибқи нақша роҳандозӣ гардида, оромгоҳҳои болозикр аз ҳар гуна алафҳои худрӯй тозаю озода карда шуда, алафу сабзаҳо барои захира ба шахсони ниёзманд расонида шуд.