
ДАНҒАРА. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба татбиқи амалии Аксияи “ Якҷоя месозем!” дар тамоми гӯшаву канори ноҳия, инчунин муассисаҳои таълимӣ корҳои созандагию ободкориро бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо ҳамин мақсад дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо иштироки кормандон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба корҳои ободонию зебогардонӣ дар дохили муассисаҳои таълимии навбунёд кумак расонида шуд.