
НОРАК. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида истодааст. Дар рафти чорабинии мазкур ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардида, таъкид карда мешаванд, ки беҳуда ва безарурат ба кӯчаҳо набароянд ва аз ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур ба сокинон таъкид карда мешавад, ки имрӯз коронавирус (COVID-19) ва пандемия боиси марги зиёди инсонҳо дар сайёра гашта, назди пурқувваттарин давлатҳои ҷаҳонӣ мушкилиҳоро ба бор оварданиз монеаҳои ҷиддӣ пайдо намудааст. Аз ин лиҳоз яко яки моро зарур аст барои ҳарчи зудтар болои ин беморӣ ғолиб омадан дастуру супоришҳои Роҳбарияти кишвар, бахусус мутахассисони соҳаи тандурустиро сармашқи кори худ намуда, дар мубориза бар зидди ин беморӣ саҳмгузор бошанд.