
ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Деҳқонободи ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд. Бо тарафдории аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, масъулини кумитаи иҷроия атрофи вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, инчунин оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ суханронӣ намуданд.