Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби сокинони деҳаи Фрунзеи ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ амалиёт оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи ичроия дар ноҳия иштирок намуда, доир ба мақсади амалиёти муштарак суҳбат карданд.
Сипас, бо дастгирии сокинон амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” доир гардида, оромгоҳи деҳа аз хасу хошоқ ва алафҳои хушкшудаи бегона тоза карда шуд.
Амалиёти мазкур дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар назар аст.