БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР МАҲАЛ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳор” бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Маҷлисро корманди масъули  ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур  кушода, оид ба фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ  маълумоти муфассал  дод. Баъдан бо тарафдории аъзои ташкилоти ибтидоӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Сипас, Алиев Зафар корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баромад намуда, оид ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби бештари ҷавондухтарон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраҳо  ибрози андеша намуд. Дар охир маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg