
КӮЛОБ. Мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнова Сайёра дар якҷоягӣ бо Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тудакавш” дидан намуданд.
Зимни боздид масъулини ҳизбӣ ба раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр шинос шуда, баҳои баланд доданд ва инчунин таъкид намуданд, ки ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.