
БОХТАР. Имрӯз аз ҷониби волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Худ ва наздиконатонро аз ковид-19 ҳифз кунед” доир карда шуд. Дар рафти баргузории аксия, ки дар дар кучаҳои марказии шаҳр доир гардид, ба сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.
Ҳамзамон аз сокинон даъват карда шуд, ки ба маъалаҳои беҳдошти санитарию гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пушидани ниқобҳои тиббӣ ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя карда, роия намудани тавсияҳои табибон фаромӯш насозанд.