
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Дар баробари баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “УМЕД” дар доираи озмунҳои вилоятӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи як қатор номинатсияҳои кумитаи тадорукотӣ озмун баргузор гардид.
Кумитаи тадорукоти ҳизбӣ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовини раиси ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ, раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба маҳалли зист, раиси ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ Амонзода Абдураҳим иштирок намуда, дар назди ҳозирин оид ба амалисозии озмунҳои вилоятии ҳизбӣ аз рӯи номинатсияҳои гуногун ва ҷалб намудани сокинон ба корҳои ободонӣ вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбии “Ободии Ватан саодати мост!” баромад намуданд.