ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Имон - интернейшнл” иштирок намуданд.
Зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ Инаев Фаридун раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Дар кори маҷлис мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия иштирок намуда, оид ба пешгирии бемории коронавирус, истифодабарии самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.