БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲОДАТНОМАҲО СУПОРИДА ШУДАНД

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии “Ситора” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ҷамъомади аъзои ҲХДТ доир гардид. Номбурда ба сухан баромада, доир ба мавқеи имрӯзаи ҲХДТ дар ҷомеа, ҳадафҳои барномавии ҳизб андешаронӣ намуд. Аз ҷумла, ў таъкид дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷавонон ба фаъолияти ҲХДТ таваҷҷуҳи махсус доранд. Пайвастани кормандони ансамбли давлатии рақсии “Ситора” аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миилат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бетараф нестанд.

ҲХДТ соҳаи фарҳангро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ мешуморад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу санъати миллиамон  вусъати тоза касб намудан гирифтанд. Ҳунарҳои Шашмақом, Фалак аз нав эҳё гардида, ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон дар кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегарданд. Дар оянда низ Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаҳои пешазинтихоботиашон чораҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.

Дар интиҳои маҷлис ба кормандони ансамбли давлатии рақсии “Ситора” шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg