
ФАРХОР. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бо корбарии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои ободонӣ ва тозаву озода нумудани гирду атрофи коргоҳҳо ва маҳаллаҳо доир карда шуданд.
Дар ин рӯз чанде аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, дар назди биноҳои кории худ машғули кор гаштанд. Инчунин, аъзои ташкилоти ибтидоии “Хонаи бачагон” низ корҳои ободониро дар доираи ин амалиёт дар замини ёрирасони муассиса ба роҳ мода, корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд.