
ДАНҒАРА. Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “КАТС” – и ноҳия, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ Қурбонов Давлат шунида шуд. Сипас аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроия вобаста ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар ташкилот, сари вақт гузаронидани маблағи аъзоҳаққӣ дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, обуна шудан ба нашрияҳои “Минбари Халқ” ва “ Ҳамрози Халқ” маслиҳатҳои муфид дода шуд.