
ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонон, мудири бахши Омори Кумита иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Тоиров Хуршед кушода, оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дод. Тоиров Хуршед бо тарафдории аъзои ташкилот аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.