БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ҶАРАЁН ДОРАНД

ВОСЕЪ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ ҷараён дорад. Бо ин мақсад айни ҳол дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, ки дар маркази ноҳия воқеъ мебошад, корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Бояд қайд намуд, ки то ин муддат дар ноҳия гулгашти марказӣ, даромадгоҳ ноҳия бо тарҳи муосир бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шудааст. Тасмим аст, ки то охири сол тибқи нақша беш аз 400 номгӯи корҳои ободонию созандагӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин замина беш аз 1000  сокин бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg