БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ПУШТИБОНИ ЯТИМОНУ МАЪЮБОН, ШАХСОНИ БЕСАРОБОНМОНДА ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки масъулини КИМ Илҳомҷон Хамидиён, Суфизода Шодмон ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон ба ду нафар аз оилаҳои маъюби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳ»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, гирифтани дасти маъюбону шахсони ниёзманди ҷомеа кори хайреро анҷом доданд.

Зимни аёдат намояндаи КИМ бо оилаҳои маъюби гурӯҳи 2-юм суҳбати самимона ороста, ба ин оилаҳо  кумаки озуқаворӣ аз қабили орд, равған, биринҷ ва дигар намуди маҳсулотҳои  ғизоӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg