БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТИЮ ИНТИХОБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН.  Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, бо иштироки Ҳамидиён Илҳомҷон - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Суфизода Шодмон- мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ишмуродов Ҳакимҷон- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Ҳасанзода Тағоймурод- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Панҷ"-и Ҷамоати деҳоти Панҷ маҷлиси ҳисоботию интихобӣ баргузор карда шуд.

Маҷлиси мазкурро Раиси Кумита, Ҳасанзода Тағоймурод ҳусни оғоз бахшида, дар идома котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Панҷ" Рамазонзода Фарҳод вобаста ба фаъолияти шаш моҳаи ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 ҳисобот дод.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис аз нав интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ гардида бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб Холмуродов Акбаршо, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Панҷ" интихоб карда шуд.

Сипас, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ҳамидиён Илҳомҷон зимни суханронии хеш афзуд, ки бо дарки баланди масъулиятнокӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст, минбаъд низ вохӯриҳоро миёни ҷомеа бештар ба роҳ монда, барои ободонию созандагӣ ва шукуфоии Ватани азизи хеш саҳми арзандаи худро гузоранд. Барои муайян ва ҳал намудани проблемаҳои маҳал, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ диҳанд. Инчунин, дигар баромадкунандагон низ доир ба масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg