БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛ-ОЗМУНИ “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

КӮЛОБ. Бо мақсади дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” доир гардид.

Маҳфил-озмунро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Гулрухсор Шарифзода кушода, зикр намуданд, ки мақсад аз барузории озмуни мазкур ҳифзи ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, ҷавононро дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофотҳои сиёсӣ дар замони муосир тарбия менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок намуда, ҳар як иштирокчӣ доир ба моҳияти таърихӣ ва ватандӯстии китоби “Тоҷикон” баромад намуданд.

Дар фарҷом, ғолибони озмун бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳр сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg