БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКЛОТИ ИБТИДОӢ

КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи Барқ” бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия Шукруллозода Д., муовини раиси Кумита Асадуллозода В., раиси ташкилоти ибтидоии “Идораи Барқ” Касиров Н.  ва фаъолони ҳизб ҷамъомад  баргузор гардид.

Сараввал зимни баргузории вохӯрӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи Барқ” шунида шуд. Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Идораи Барқ ” Касиров Назаралӣ аз нав интихоб гардид. Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Асадуллозода В. баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg