
ДӮСТӢ. Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки раиси Кумита, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия, аъзо ва тарафдорони ҲХДТ, дар оромгоҳи деҳаи Бадахшони ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Рӯзи ёдоварӣ" гузаронида шуд, ки дар он сокинони деҳаи Бадахшон фаъолона иштирок карда, атроф ва дохили оромгоҳро аз алафҳои бегона тоза намуданд.