БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОНИ НОҲИЯ ДАР ОБОДӢ ВА САРСАБЗИИ ДИЁР САҲМ МЕГУЗОРАНД

ВОСЕЪ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ғафоров Сайдумар сӯҳбату мулоқот  доир намуданд.

Зимни сӯҳбат Ғафоров Сайдумар қайд намуд, ки аъзои фаъоли ҲХДТ мебошад ва дар ҳама ҳолат дар паҳлӯи мардуми ноҳия рост буда, доимо шахсони эҳтиёҷманду ниёзмандро дастгирӣ менамояд ва дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми муносиби худро мегузорад.

Дар идомаи сӯҳбат Ғафоров Сайдумар иброз намуд, ки ният дорад то оғози таҳсили хонандагон синфхонаҳои муассисаи таълимии деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистонро таъмир намуда, гирду атрофи мактабро сангфарш намояд.

Ҳамзамон мӯҳтарам Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода барои амалӣ шудани ниятҳои неки Ғафоров Сайдумар маслиҳатҳои муфид дода, аз  вакили ноҳиявӣ даъват ба амал оварданд, ки баҳри ободиву зебогии диёр ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои созандагиву бунёдкориҳо саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg