БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ- ГАВҲАРИ НОЁБ

АНДЕША. Дар ҷомеаи башарӣ ҳастанд халқиятҳое, ки таърихи куҳан дошта, аммо давлат ва сарзамини худро надоранд. Онҳо аз замонҳои қадим сарзамини аҷдодии худро аз даст дода, дигар соҳиби давлат нашудаанд. Барои онҳо истиқлолият моҳияти баланд дошта, ягона орзуи онҳо ба даст овардани истиқлолият мебошад.  

         Соли 1992 дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад. Дар дохили кишвар мардум аз як тараф сарсону саргардон аз тарафи дигар бо ҳам бархурд  яъне зиддият ба вуҷуд омада буд, чунки нафароне буданд, ки миёни мардум иғво андохта, мехостанд сарзамини моро ба майдони ҳарбу зарб табдил диҳанд. Аз садои гушхарош ва пайёмадҳои нохуби ҷанг, гуруснагӣ баъзан сокинони деҳаву маҳаллаҳо хона ва зодгоҳи худро тарк карда, ҳамчун гуреза фирор намуданд. Бо саъю талошҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон чашмашро ба суи равшанӣ кушода, дар дилашон шуълаи умед пайдо гардид. Зеро дар ҳар як баромадаш Пешвои миллат мардумро ба муттаҳидӣ, соҳиб шудани сарзамини аҷдодӣ ва обод намудани диёр даъват менамуд.  Пиру барно барои амали шудани мақсадҳои ободкоронаи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек мекарданд.  Дониш ва хиради азалии ин мардум ба он оварда расонид, ки мо сарҷамъ шудем ва давлати худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷаҳон муаррфӣ намудем.  Сад шукр, ки имрӯз кишваре дорем, ки онро ном Тоҷикистон аст. Дар харитаи ҷаҳон сарҳади мо муайян шуда, бо бештари давлатҳо муносибати дӯстона дорем. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишваре, ки қадамҳои худро барои рушд гузошта истодааст қайд шудаем. Талошҳои мо ободкорона ва инсондӯстона мебошад. Ҳазорҳо шукр, ки дар сарзамини мо миёни аҳамагуна халқу ақалиятҳо амният, оромӣ пойдор аст.

         Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон арзиши гаронбаҳо дорад. Мо қадру қимати онро аз ҳама неъматҳои дунё болотар унвон мекунему ба ҳар зарраи он арҷ мегузорем. Барои устувор нигоҳ доштани ҳамаи неъматҳои бадаст омадаи мардуми худ саъю талош менамоем. Истиқлолияти мо гавҳари ноёб ва неъмати бебаҳоест, ки насиби мардуми мо гардидааст.

         Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg