БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” воқеъ дар деҳаи Балхии ҷамоати деҳоти Яккадин бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ишмуродов Усубалӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Дӯстии халқҳо ” Ишмуродов Усубалӣ шунида шуд.

Ҳамзамон, тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Дӯстии халқҳо ” Ишмуродов Усубалӣ бо тарафдории аксарияти аъзо бори дигар аз нав интихоб гардид.

Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Асроров Саидшо оиди самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, аксияҳои ҳизбӣ, дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ бароҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тавсияҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg