БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҚАЛБИ ПОК”

МУЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҚАЛБИ ПОК” тибқи нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон – Ҳусейнова Сайёра, мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия  – Ҳайдарзода Рамазон, корманди масъули ҳизбӣ – Алишери Амрохон ва Раиси ташкилоти ибтидоӣ – Зарифов Умедҷон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи шашмоҳаи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Зарипов Умедҷон шунида шуд.
      Дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон қарори якдилона қабул карда шуд, ки Зарипов Умедҷон аз нав раиси ташкилоти идбидоии ҳизбии “Қалби Пок” интихоб карда шавад.
Дар фарҷом, масъулини ҳизбӣ изҳори боварӣ намуданд, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg