БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ УСТУВОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташабуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар толори маҷлисгоҳи КАТС бо аъзои фаъоли ҳизб конференсияи ҳизбӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими устувории Ваҳдати миллӣ» доир гардид.

Дар кори конференсия раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло, менеҷери Муассисаҳои КАТС Грезов Файзулло ва дигар фаъолону кормандони соҳаи тиб иштирок намуданд.

Султонов Ҳикматулло вобаста ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ баромад намуда, ҳозиринро ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.

Сипас Олимзода Низора ба сухан баромада қайд намуд, ки воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg