БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЙДЕВОРИ ХУШБАХТИҲОИ МАРДУМ

АНДЕША. Ваҳдати миллӣ ё ягонагии миллӣ ин худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи тадбиқи марому мақсадҳои миллат талош кардан аст.

Суханони ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон арзишмандтарин андеша баҳри ҳимояи арзишҳои олии давлатию миллӣ ба шумор меравад. Ин марди асил тавонист ҳисси баланди ватандӯстиро дар дили имрӯзу фардои миллат ҷойгузин намояд.

Миллати тоҷик мардуми сулҳпарвар ва сулҳшинос дар тули таърих омада расидаанд. Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ин худ таровату хушҳолӣ зам намудан ба рӯҳияи миллати мо буд, ки метавон сарчашмаи раҳои ёфтан аз мушкилотҳои самти саломатии мардум шинохта шавад.

Ваҳдати миллӣ барои фатҳи қуллаҳои бузурги созандагию бунёдгузорӣ нақши муассир дорад, метавон аз арзишмандтарин дастовардҳо барои камолоти илмию мадании насли наврасу ҷавон, ки соҳибдавлатони оянда ба шумор мераванд, ёдовар бигардем. Дар воқеъ басанда аст, шароити мусоиди донишандӯзӣ мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори меҳнат дар замони муосирро мисол биорем.

Имрӯз мо равандҳои тезу тунд ва хатарофари ҷаҳонишавиро сарфи назар карда наметавонем, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навини худро мутобиқ ба тамоми стандартҳои байналмилалӣ ва сиёсати дарҳои кушод дар пеш гузоштааст, пешрафта ва ҷавобгу мондани худро таъмин месозад. Сохта ба истифода дода шудани роҳҳо, омӯзишгоҳҳои миёна, олии нопурра ва олӣ ҳамзамон саноатикунонии мамалакат, таъмини раванди рушди таъминот бо технологияи муосир далели гуфтаҳост. Бояд гуфт, ки барои мо ҷавонон пеш аз ҳама ташаккули руҳу равони солим ва парвариши ҳисиётҳои наҷиби ватандӯстию хештаншиносӣ зарур аст.

Мо дар ин ҳол метавонем, бо дасту дилу нияти пок роҳи ояндаи хешро равшан гардонем, то фарзандони асил, хештаншиносу ватанпарвар ба халқу ватани худ содиқ бимонем.

 

Мо дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем саодати рӯзгор ва ояндаи некро ба даст оварем. Ватани биҳиштосо, дорои таъриху тамаддуни ҷаҳонӣ, мардуми садоқатпеша ва, фарзандони фарзонаю ифтихори ҳақиқии мардуми ин сарзамини биҳиштосоянд.

Бобомуродов М.А., мудири шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg