БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МАРОМИ МОСТ

АНДЕША. Воқеан ҳам Ваҳдату ягонагӣ, ҳамбастагиву якдигарфаҳмӣ  неъмати бебаҳост дар ҳаёти инсонӣ. Ваҳдати миллӣ, озодагию осоиштагӣ, дар пешрафти ҳар як давлат нақши бориз дорад. Агар дар давлате, ки Ваҳдату ҳамбастагӣ ҳукумфармо бошад, он давлат ба музафариятҳо ноил мегардад. 27-уми июни соли 1997 барои миллати тоҷик бисёр ҳам санаи муҳим  ба ҳисоб меравад, зеро дар он рўз ҳуҷате ба имзо расид, ки барои пешрафти ин сарзамини биҳиштосо бисёр муҳим буд. Ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» такони бузурге буд барои пешрафти Тоҷикитон. Миллати тоҷик барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ садҳо родмардони Ватанро аз даст додаву садҳои дигар ҷонбозиҳо кардаанд.  Хушбахтона имрўз дар давлати мо оромию осудагӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки неъмати ноёфтанист ҳукумфармост. Ин неъмати бебаҳоро ҳизф кардану ба қадраш расидан вазифаи ҳар як фарди бо нангу номус мебошад. Ин аст ки ҳамасола санаи 27-уми июн ҳамчун «Рўзи Ваҳдати миллӣ» дар саросари кишвари азизамон  ҷашн гирифта мешавад. Ҳар яки моро мебояд, барои  ҳизф ва пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдори ин биҳишти рӯи дунё Тоҷикистони гул ба домон ҳамеша омода бошем. Пойдор нигоҳ доштани «Ваҳдати миллӣ» дар дасти ҳар яки мост.

Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Шодибеги Идӣ, мудири шуъбаи занони ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg