БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲАМЕША ҶОНИБДОРИ ВАҲДАТЕМ!

АНДЕША. Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳои дигар мақоми хосса дорад, зеро мо бо ин рӯзи неки пурсаодат бар ивази талафотҳои бузурги моддию маънавӣ ва ҷонӣ расидаем. Оре, ваҳдат метавонад, омили сарҷамъии миллат, тинҷию оромӣ ва фазои озоду созандаро муҳайё созад. Ваҳдати миллӣ тавонист теша ба решаи кинаву адоват, рашку хусумат, бадбиниву бадандешӣ занад. Ба хотири бузургдошт аз ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Ҷомеа ё миллате, ки ѓояи ваҳдати миллӣ надорад, ҳамеша эҳтимолияти ба буҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуданаш мумкин аст».

        Бо ба майдони сиёсат омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи эҳёи анъанаҳо, фарҳангӣ миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии тоҷикон шуруъ мешавад. Сиёсатмадоре, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшид, мардуми парешонгаштаро ба Ватан баргардонда, дар як оилаи бузурги аҳлу тифоқ, ки онро Тоҷикистон ном аст, ҷамъ овард, сулҳи сартосарию ваҳдати миллиро арзонӣ дод. Ва ин таҷриба аз ҷониби мамлакатҳои дунё ҷонибдорӣ ёфта, миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ  муаррифӣ гашт.

            Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дунявӣ ва демократӣ шинохта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик танҳо сулҳу ваҳдат наовард, балки дар баробари ин заҳмату хизмати падаронааш кӯшиш намуд, бо дарки воло ва зиракии сиёсатмандона мафҳуми Ваҳдатро дар қалбу ният ва вуҷуди ҳар як фарди боору номуси ин Ватан ҷой намояд. Ваҳдат тасдиқи ҳуввият, сулҳу субот, оромии давлат, беҳтарин неъмат падидаи неки ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат  дар ҳар як давру замон аст.

    Бинобар ин, ба қадри сулҳу ваҳдат расидану ин вожаи муқаддасро  чун гавҳараки чашм нигоҳ доштан аз ҳар як сокини ин марзу бум дараҷаи баланди ватандӯстию миллатдӯстӣ ва масъулияти бузурги шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Асақолов Алиҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg