
ШАМСИДДИН ШОҲИН. Дар толори ҷамоати деҳоти Доғистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва фаъолони ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардид.
Сараввал Азимов Раҳмоналӣ котиби ташкилоти ибтидоии мазкур ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар шаш моҳи соли равон ҳисобот дод.
Баъдан Неъматов Абдуҷаббор ба сухан баромада, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва масъалаҳои рўзмарра ибрози назар намуда, ҳисоботи масъулини ташкилоти ҳизбиро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми маҷлис тибқи талаботҳои оинномавӣ ва низомномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Замонова Ҷамолбиро аз нав ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ пешниҳод намуда, бо дастгирии аксарияти аъзо мавсуфро раиси ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Доғистон» таъин намуданд.