БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА МЕБОШАД

АНДЕША. Воқеан, терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки имрӯзҳо ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Ҳодисаҳои нангини чанд соли охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик ба вуқуъ пайваста истодааст, ягон нафарро бетараф гузошта наметавонад.

     Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки ҷаҳонро ба таҳлука андохтаанд, дар таърих дар ҳама давру замон бо ҳар ном амал мекардаанд, ки ҳадафи асосии онҳо аз байн бурдани якдилию якпорчагии давлат ва қатлу куштор ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оранду ҷамъиятро ноором намоянд. Ин гурӯҳҳои террористӣ ба қатлу куштори халқи осоишта машғуланд ва бо номи ислом ва ҷалби ҷавонони камсаводу зудбовар ин амалҳои нангинро иҷро мекунанд.Ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳои тундраву тундгарои дасисабоз шомил мешаванд на дониши исломӣ доранду на дониши кофии дунявӣ. Саркардагони ин гурӯҳҳои террористӣ аз чунин ашхосони бесаводу зудбовар истифода бурда мехоҳанд сафи худро бо ваъдаҳои пуч ва холӣ зиёд намоянд. Лекин шайтонсифатон намедонанд, ки оқибати роҳи интихобкардаи онҳо танҳо марг асту бенишонӣ.

     Аз таҳлили фазои иттилоотӣ ва ба хусус, интернетии минтақа метавон ба хулоса омад, ки солҳои охир густариши таблиғи ақидаҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва тундгаро ба назар мерасанд ва ин раванд барои амнияти кишварҳои осоишта ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки бештари ҷавонон таҳти таъсири таблиғотии онҳо қарор мегиранд ва бо истифода аз дин ба унвони василаи расидан ба ҳадафҳои худ барои паҳн кардани тундгароӣ дар ҷомеа ва инкории арзишҳои дунявии рушди ҷомеа мусоидат менамоянд.

Дар ин самт вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, ба хусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки ба чунин равияҳои номатлуби замони муосир ба монанди тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм пайравӣ накарда, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақили тоҷик пеш аз ҳама сатҳи дониши сиёсии худро баланд бардоранд, некро аз бад ва сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанд ва баҳри ҳифз ва ҳимояи якпорчагии кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамеша саъю талош варзида, нагузорем то ягон нафар аҳримансиришити бадкеш тавонад дасти номуборакашро баҳри парокандагии ин муттаҳидӣ дароз созад.

Чуноне  ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён медоранд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд».

Мусоев, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg