БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ПАНҶ. Бо интироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшоҳ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи «Атавуллоева М.»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Маҷлиси мазкурро раиси ташкилоти ибтидоӣ Луқмонов Асрор ҳусни оғоз бахшида, дар идома раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Атавуллоева М.» вобаста ба фаъолияти шашмоҳаи худ дар соли 2021 ҳисобот дод.

Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшоҳ ба сухан баромада, аз он ҷумла қайд кард, ки ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар марҳилаи нави таърих, давраи созандагию бунёдкорӣ бобати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар охир масъалаи аз нав интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ гардида, бо пешниҳоди фаъолони маҳалла ва тарафдорон Луқмонов Асрор раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Атавуллоева М.» интихоб карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg