БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

      ДӮСТӢ. Бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов А, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Ваҳдат"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл маҷлиси ҳисоботӣ-интихобтӣ баргузор карда шуд. Маҷлиси мазкурро Раиси Кумита, Қурбонов А ҳусни оғоз бахшида, дар идома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Ваҳдат" Давронов М вобаста оиди фаъолияти шаш моҳаи худ дар соли 2021 ҳисобот дод.  Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Саидшо Асроров ба сухан баромада, доир ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию созандагӣ, сохтани иншооти гигиенӣ бо усули дринажӣ ва омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар поёни маҷлис масъалаи аз нав интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ гардида, бо пешниҳоди фаъолони деҳа ва тарафдории сокинон Давронов М. аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg