БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН БЕЗАВОЛУ АБАДӢ БОШАД

ДАНҒАРА. Ваҳдати  миллӣ – сулҳу суботу ҳамбастагии мардуми тоҷик, ки онро ба хости Худованди пок ба Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуд.

Ба қавле, дар масири  ваҳдатсозии суботмандона тадбир ҷуст ва решаи  имрӯзу фардоро аз гузашта оби ҳаёт дод. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар  мамлакат Ваҳдати миллӣ тантана кард ва дили  мадум ба кор гармтар шуд. Ҳамон соли  мубораки 27 июни соли 1997 дар дили ҳамаи мо тоҷикон хотирмон монд, ки баъди шуниданаш ҳамаи хастагиро аз хотираамон бурун рафта, нерӯи наве  барои хидмат дубора дар дилу ҳоли мо пайдо шуд.

Паёми сулҳу ваъдаи бозгашти охирин гурезаҳои тоҷик ба Ватан, ки аз  минбари иҷлосияи мазкур садо дод, дар қалбҳои миллионҳо тоҷикистониён шуълаи умеду боварӣ ба ояндаи дурахшонро фурӯзон кард.

Ҳифзи сулҳи ба дастомада ва таҳкими ғояҳои  Ваҳдати миллӣ аз ҳар яки мо,  шаҳрвандони Тоҷикистони азиз вобастагӣ дорад.

Ваҳдати миллӣ чун ғояи пешбарандаи ҷомеа рӯҳияи вайро ба оғози ҳаёти  нав ва ташаббускорӣ дар пешрафту ободонии диёр барангехт. Бесабаб нест, ки дар ҷаҳони моломоли  ҷангҳои тулони ваҳдати миллии тоҷикон падидаи нодир унвон шудааст, ки ба  шарофати хиради азалии мардуми тоҷик ва иродаи матини сиёсии Пешвои ин миллат ҳаст шуд.

Шукр, ки ин воқеаҳои сангин паси сар шуданду имрӯз дар кишварамон ваҳдату осоиштагӣ ҳукумфармост. Ин ҳама аз заҳматҳои беназири  Сарвари давлатамон аст, ки имрӯз мо  дар фазои осоишта умр ба сар мебарему нафаси озод мекашем.

Имрӯз мо дар арафаи ҷашни ваҳдати  миллӣ қарор дорем ва ҳарвақта дида зираку ҳушёр буда, оромии Ватан ва  сиҳативу амнияти хонавода дида бузургтарин неъмате дар дунё  нест. Ваҳдати милли тоҷикон  безаволу абадӣ  бошад ва мардуми тоҷик сарҷамъ миллати хешро дар ҳама ҷо бостонӣ, соҳибмаърифату тамаддунсоз  муаррифӣ карда тавонад.

27 июни соли 1997 сулҳи тоҷикон ба даст омад, барои соҳиб шудан ва комёбиҳои оянда дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангии ҷомеа замини устувори тараққиёт фароҳам омад. Бе шубҳа хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ноил  шудн ба сулҳи деринтизор комёбии  асосии даврони  истиқлолият маҳсуб меёбад.

Ҳамвора дар баробари талошҳо барои хомӯш кардани оташи ҷанг Сарвари  кишвар аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ барои барқарор ва аз нав сохтани сохти фалаҷгардидаи ҳокимиятӣ давлати шурӯъ намуд.

Бо вуҷуди мушкиливу монеаҳои зиёд истиқлоли сиёсӣ ва якпорчагии  кишвар ҳифз гардид. Пас аз расидан ба Ваҳдати тоҷикон  зарурат ба миён омад, ки тамоми нерӯву тавоноии хешро ба самти  тараққиёти ҳаёти осоишта, ба низом овардани  хоҷагии харобгаштаи баъдиҷангии мамлакат, тадриҷан ҷустуҷӯ намудан ва  ёфтни роҳҳо, усулҳо ва имкониятҳои  ба роҳ мондани рушди иқтисодиёти  кишвар равона гардад.

Ҳангоми таъсиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон  18 июли соли 1997  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  иброз дошт. “ Ман эмони комил дорам, ки Тоҷикистони мо дар ояндаи наздик ба яке аз  кишварҳои бонуфӯз ва тараққикардаи  дунё табдил меёбад. Барои ин  тамоми шароиту замина аст, ҳам обу хоки  ҳосилхез, ҳам сарватҳои зеризаминӣ, ҳам захираҳои беҳамтои энергетикӣ,  ҳам табиати зебову нотакрор ва ҳам халқи пуртоқату меҳнатдӯст.

Биёед, ҳамин сарзамини аҷдодии худро  ҳифз кунем, онро боз ҳам  ободу зеботар гардонем. Биёед худро ворисони арзандаи давлати  Сомониён нишон дода, Тоҷикистони азизро дар  кишварҳои пешрафтаи олам ҷой диҳем.

Шоёни зикр аст, ки барои таъмин намудани зиндагии сазовори аъзои  ҷомеа Сарвари давлат раванди ислоҳоти қулли иқтисодиётро пеш гирифтааст, ки ин ҳам бошад сол ба сол натиҷаҳои мусбӣ ба даст овард, мардум сарҷамъона амал намуда, мушкилоти ба миён омада ба  осонӣ ҳалли худро ёфт, ки ин ҳаққиқати воқеист.

Хулоса, ҳоло Тоҷикистони азизи мо манзараҳои дилрабо, заводу фабрикаҳо, пулу пулҳо, бинову иншооти хуштарҳу муосир, афрохтани манзилҳои нави баландошёна, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ба ҳусни шаҳр ҳусн зам намуда истодааст, ки ин ҳама аз баракати Ваҳдат аст.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg