БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМУСИ ВАТАНДОРӢ МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД

АНДЕША. Мо дар кишвари офтобрӯя дорои сарзамини кӯҳистон ҳаёт ба сар мебарему аз оби муссафои чашмасорон, ки аз кӯҳҳо ҷорӣ мешавад менушем. Бо арақи ҷабин меҳнат карда, нон мехӯрем. Садҳо ҳазор бор шукри Худовандро ба ҷой меорем, ки мардуми дорои таърихи куҳан мебошему ва ҳазор сол пеш давлати абарқудрат доштем, ки номаш Сомониён буд.

  Гузаштагони мо аҳли башарро ба омӯзиши илм даъват карда, бо осори пурмазмуни худ мардумро ба сӯи дӯстиву рафоқат, раҳм ва иҷрои амалҳои хайру саховат таъкид намудаанд.

Мо дорои расму оин ва фарҳангу тамаддун ҳастем. Онҳо аз гузаштагон ба мо меърос мондаанд.  Дар вақти хурсандӣ ва азодорӣ бо ҳамсоягону ҳамдеҳагон якҷоем. Агар хайру саховатро ба ҷой орему нони ҳамсоягӣ ташкил намоем, ҳатман аввал ҳамсоя сипас хешу табор ва дӯстони худро даъват мекунем. Ин далолат медиҳад аз мутаҳиддӣ ва сарҷамъии мо. Мо мардуме мебошем, ки дар муносибат ҳалиму меҳрубонем. Дар набарду ҳимояи манфиатҳои миллӣ нангу номус дорему ҳар як ваҷаб замини диёри худро авлотар аз зару зевар мешуморем. Корнамоиҳои гузаштагони мо бо гузашти ҳазорсолаҳо дар забони пиру барно ҳаст ва аз насл ба насл таъкид мегарданд.

Ҳатто бобо ва гузаштагони мо дар ҷанги дуюми ҷаҳон собит намудаанд, ки ин мардум барои ҳимояи аҳолии башар ҷони худро сипар карда душманро шикаст додааст. Ғурур ва садоқати мо аз рӯзи таваллуд аст. Модар моро ҳангоми дар гавҳора будан бо аллаи худ номуси ватандориро таъкид мекунаду моро ҳамчун паҳлавон ва номбардори давлату миллат ном мегирад.

Мо доимо бо ҳам муттаҳидему нангу номуси ватандорӣ дорем ва ҳамеша дар пайи ободиву осудагии кишвари азизи худ мебошем.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg