
ВОСЕЪ. Бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба якчанд нафар кӯдакони ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия ба таври ройгон шаҳодатномаи таваллуд дода шуд.
Бояд қайд намоем, ки дар супоридани шаҳодатномаҳои таввалуди кӯдакон раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Разоқ, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Мавлуда Файзуллозода, падару модарон ва намояндагони ҷамоати номбурда иштирок доштанд.
Бинобар иттилои мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ Мавлуда Файзуллозода, «чунин иқдом дар оянда низ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳандозӣ гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ идома меёбад.