БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЙ ҲАМВАТАН, БИЁ БА ҚАДРИ ОБОДИЮ ОСУДАГӢ БИРАСЕМ!

АНДЕША. Шукри Яздони пок, шукронаи Ваҳдату якпорчагии Ватани азизамон, ки имрӯз ҳамагон рӯзгори осуда ба сар дорем. Озодию истиқлоли комил, Ватани обод, сарсабзу хуррам ва муттарақӣ -Тоҷикистони биҳиштосо насибамон гардидааст. Ба санаи муҳиму тақдирсози кишвар-Рӯзи ваҳдати миллӣ рӯзҳои ба шумор мондааст. Насли калонсол хуб дар хотир доранд, лаҳзаҳои вазнину сангини ҷанги шаҳрвандиро, ки чӣ гуна душманони миллат ин ҷанги таҳмилиро ба сари мардуму Ватани соҳибистиқлол чун вабои аср оварданд. Аз софдилии мардум суистифода карда, Тоҷикистони азизу  миллати тамаддунофарашро қариб ба вартаи нестӣ оварданд. Аз ободию шукуфоии кишвар, рӯзгори пурнишот асаре намонд. Дар баъзе мавзеъҳо ба ғайри нолаи ҷуғз дигар манзили ободу нишонаи ҳаёт намонда буд. Ҳам инсоният азият кашиду ҳам табиат. Ҳазорҳо одамон қурбонии ҷанги таҳмилӣ гардиданд. Миллионҳо дарахтону ниҳолон,гулу гиёҳҳои нодир, олами набототу вуҳӯш ба коми оташи ин ҷанги бемаънӣ фурӯ рафт. Инсон ва тамоми  мавҷудоти олам бе қадр гардид. Обҳои мусаффои Ватанро ҷасади одамӣ фаро гирифт. Мамнӯъгоҳҳои афсонавӣ  шикоргоҳи яроқбадаст шуд. Танҳо садои нолаи модари фарзандгумкарда, тифли бемодар монда, дуду алангаи ҷанги таҳмилӣ ба афлок мепечид. Қалбҳо моломоли дарду беҳамдаму бе малҳам монда буд. Ҳамагон дар ҳасрати рӯйи пайвандони фирорию  рӯзи нек буданд.

Шукри беҳад Худои меҳрӯбонро, ки дар ин рӯзу солҳои сангину мудҳиш, сарсонии миллати пареш Роҳбари хирадманду сиёсатмадору дурандешро ҳамчун мунодии сулҳу ваҳдат, малҳами қалбҳои дардманду захмӣ ҳадя намуд. Дар воқеъ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои миллату давлат-Атои Парвардигор буду ҳаст. Бо сарварии ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон аз як каф хокистар ба биҳишти воқеъӣ табдил ёфт. Рӯзгори ҳамватанон рӯ ба беҳӣ омад. Ҳамватанон-муҳоҷирони иҷборӣ ба Меҳан бозгаштанд. Харобаҳо барқарор,чеҳраҳо нур гирифтанд. Тоҷикистон рушду нумуъ кард. Нигине дар арсаи ҷаҳон гашт. Пас эй ҳамватан биё ба қадри тинҷӣ, ободию осудагӣ бирасем.Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашми хеш нигоҳбон бошем.

Сафарзода Асалмо, собиқадори ҲХДТ, шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg