БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ВАТАНИ ХУД ИФТИХОР ДОШТА БОШЕМ!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъат” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир шуд, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидудлозода Насриддин, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд. Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҳмонзода Ф. ҳисобот дод. Зимни ҳисобот қайд карда шуд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Дар идома Наҷидуллозода Насриддин ба сухан баромада, таъкид дошт, ки ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg