
Н. ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ,ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ, хоҷагиҳои деҳқониро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамарӯза дар деҳот бо усули «Хона ба хона» корҳои фаҳмондедиҳиро бароҳ мондаанд.
Масъулин ба сокинони деҳаҳоии Бобоқул Хидирови ҷамоати деҳоти «Истиқлол» вохӯриҳо баргузор намуда, ба хонаҳои сокинон ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ташриф оварда, аз ҷумла истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиашонро дидан намуданд.